Дар пайи ҳамла ба як нирӯгоҳ дар Самарра, садкилометрии шимоли шаҳри Бағдод, 7 нафар кушта ва 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти ироқӣ гуфтанд, се ҳамлавари мусаллаҳ бо норинҷак ва камарбанди интиҳорӣ субҳи 2-юми сентябр вориди ин иншоот шуданд, ки дар онҷо сокинон машғули кор буданд.
“Alsumaria News”, хабаргузории мустақили Ироқ, мегӯяд, баъдан нирӯҳои амниятӣ ба маҳалли ҳодиса омада, ҳамлаваронро куштаанд.
Ин хабаргузорӣ аз қавли як мақоми ироқӣ гуфт, “дар ҳоли ҳозир вазъият дар Самарра таҳти назорати комили нирӯҳои амниятист.”
То ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо дар гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Ироқ чунин ҳамлаҳоро анҷом додаанд.
Ин гурӯҳи худхонда тайи моҳҳои охир қаламравҳои таҳти назораташро дар Ироқ аз даст додааст. Нирӯҳои давлатии Ироқ дар моҳи июли имсол шаҳри Мавсил – пойгоҳи аслии ҷангҷӯёни ДИИШ-ро бозпас гирифтанд.
Ин ҳафта Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, аз пирӯзӣ болои гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар шаҳри Талъафар, ғарби Мавсил, хабар дод.