Кремл эҳтимоли пешбарии номзадии занеро ҳамчун рақиби Владимир Путин дар интихоботи президентии соли 2018 баррасӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 1-уми сентябр нашрияи "Ведомости" бо такя ба манобеи маъмурияти раиси ҷумҳур хабар дод.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои нашрия, ҳоло номзадии 5-7 зан мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар байни нафарони мавриди баррасӣ се намояндаи ҳизби "Русияи одил" - Наталя Великая, Ирина Волинетс ва Ирина Петеляева ҳузур доранд. Великая ва Петеляева ба "Ведомости" гуфтанд, ки ин мавзӯъ бо онҳо матраҳ нашудааст.
Ба навиштаи "Ведомости", Кремл ҳамчунин номзадии занеро баррасӣ мекунад, ки узви ягон ҳизбу созмон набошад. Манбаи наздик ба маъмурияти Кремл Ксения Собчакро номзади идеалӣ унвон кардааст.
Собчак, тавре ин манбаъ шарҳ дод, таҷассумгари тасвири як зани замонавист, ки мехоҳад ба сиёсат ворид шавад. Ксения Собчак рӯзи ҷумъа дар саҳифаи "Инстаграм" навишт, ки касе дар ин мавзӯъ ба ӯ муроҷиат накардааст. Собчак гуфт, намехоҳад ба сиёсат ворид шавад, аммо ҳамчунон ба омӯзиши авзоъ идома медиҳад.
Занҳо дар Русия ду дафъа номзад ба мақоми раёсати ҷуҳмур буданд. Соли 2000 Элла Памфилова, раҳбарии феълии кумитаи Марказии Интихобот довталаби курсии президентӣ шуд, аммо 1 дарсад овоз гирифт. Соли 2004 Ирина Ҳакамада барои дарёфти курсии президентӣ аз "Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро" номзад шуд. Ҳакамада 4 дарсади райъҳоро ба даст овард.
Интихоботи президентии Русия рӯзи 18-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Владимир Путин то ҳол ба таври расмӣ эълон накардааст, ки барои як даври дигар вориди сабқат хоҳад шуд, ё не.