Ҳукумати Тоҷикистон боло бурдани нархи нерӯи барқро баррасӣ кард

Тарофаҳои нави нерӯи барқ ва гармӣ барои аҳолӣ дар ҷаласаи охирини Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ҷаласаи ҳукумат рӯзи 28-уми август сурат гирифт ва ба баррасии аъзои Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар мавзӯъҳо, масъалаи бозбинии нархи тарофаҳои нерӯи барқ ва гармӣ низ пешниҳод шудааст. Дар натиҷаи ин баррасӣ қарор аст, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ то ду дарсад боло бурда шавад. Айни замон як киловат соат нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ барои аҳолӣ 14,65 дирам нарх дорад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 31-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, воқеан ҳам масъалаи боло бурдани тарофаҳои нерӯи барқ дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд. Аммо масъулон ин ширкат гуфтанд, "ҳанӯз қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита ба дасти онҳо нарасидааст."

Масъалаи боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳҳо боз матраҳ аст. Нахуст Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар нишасти охир дар мавриди зарурати боло бурдани нархи нерӯи барқ изҳори назар карда буд. Исмоилзода гуфта буд, далели боло бурдани нархи нерӯи барқро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут хонд, бар маблағҳои бештар ниёз дорад.

Ба хотири боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон тайи ду моҳи охир як комиссиюни вежаи иборат аз намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати «Барқи тоҷик» фаъолият мекард. Ин комиссюн асоснокии пешниҳодоти боло бурдани нархи нерӯи барқ ва қудрати пардохтпазирии мардумро баррасӣ карда, хулосаи ниҳоиро ба ҳукумат пешниҳод кард.

Яке аз аъзоёни ин комиссия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «пешниҳод дар боло бурдани нархи барқ хеле баланд буд, аммо мо бо назардошти вазъи некуаҳволии мардум ба ҳукумат хулосаҳои хешро пешниҳод кардем».

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 31-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "тарифҳои нави нерӯи барқ бо қарори ҳукумат тасдиқ мешавад. Айни замон қарори ҳукумат дар ин робита ба дасти мо нарасидааст. То замони ба дасти мо расидани қарори ҳукумат, дар мавриди он наметавонем маълумот бидиҳем".

Аз ин қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барномаи таҳиякардааш барои се соли оянда, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шудааст, гуфта буд нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Соли гузашта арзиши нерӯи барқ дар кишвар 16 дарсад афзуда, феълан 1 киловат нерӯи барқ барои аҳолӣ 14,65 қимат дорад.