Русия Амрикоро ба худдорӣ аз иқдоми низомӣ алайҳи Пхенян даъват кард

Харитаи Ҷопон дар экрани бузург

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои амрикоияш Рекс Тиллерсон аз Вашингтон даъват кард, ки аз иқдоми низомӣ алайҳи Куриёи Шимолӣ худдорӣ кунад. Дар ин бора ВКХ Русия 30 август иттилоъ дод.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар посух ба озмоишҳои мушакии Куриёи Шимолӣ борҳо гуфтааст, ки “тамоми гузинаҳоро баррасӣ мекунад”. Ӯ дирӯз дар Твиттер навишт, ки “гуфтугӯ мушкили Пхенянро ҳал нахоҳад кард”.

“Лавров дар суҳбат бо Тиллерсон гуфт, ки ҳама гуна иқдоми низомии ИМА алайҳи Куриёи Шимолӣ оқибатҳои ғайри қобили пешгӯӣ дорад”, - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия. Маскав афзудааст, ки эъломи ҳама гуна таҳримҳои нави зидди Пхенян низ самар намедиҳанд.

Ҷопон баъди партоби мушаки ахири Куриёи Шимолӣ, ки аз болои ҷазираи Ҳоккайдо парвоз кардва дар уқёнуси Ором сарозер шуд, даъват дорад, то зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом шавад. Шӯрои амнияти СММ пештар, баъди озмоиши мушакии Куриёи Шимолӣ дар тобистони имсол, алайҳи Пхенян таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ кард.

Шӯро 29 август низ бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ партоби мушаки ахири Куриёи Шимолиро маҳкум кард, вале аз эъломи таҳримҳои нав худдорӣ кард.