Ширкатдорони Анҷумани озодии баён дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев даъват карданд, ки "зиндониёни сиёсӣ"-ро афв кунад ва даъвоҳои зидди расонаҳоро пас бигирад. Вакили пешини порлумон Медеткан Шеримқулов ва сарвазири пешини ин кишвар Феликс Қулов ба ин муроҷиат ҳамовоз шуданд.
Анҷуманро "Кумитаи ҳифзи озодии баён" баргузор кард. Дар ин нишаст се мавзӯи асосӣ: таъмини озодии баён, таъқиби сиёсӣ ва ҳимояи гирдиҳамоиҳои осоишта баррасӣ шуд.
Раиси кумита Сафар Аргимбоев гуфт, ки феълан дар зиндонҳои Қирғизистон 25 маҳбуси сиёсӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Дар як соли охир бо даъвои паст задани шаъну шарафи президент Алмосбек Отамбоев вебсайти хабарии Zanoza.kg ба додгоҳ кашида шуд ва телевизиони мухолифи "Сентябр" баста гардид.
Дар Бишкек аз 27 июл то 30 октябр баргузории гирдиҳамоиҳои осоишта манъ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки дар Қирғизистон таъқиби сиёсӣ сурат намегирад.