Маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ оғоз шуд

Оғози маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ

Ҳудуди 2 миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон рӯзи 30-юми август адои маросими Ҳаҷро дар Арабистони Саудӣ оғоз карданд.

Миллионҳо зоири аҳромпӯш дар тӯли панҷ руз чандин русуми Ҳаҷ, аз ҷумла ҳафт бор тавофи Каъба, намозу дуо дар кӯҳи Арафот ва сангандозӣ ба шайтонро анҷом медиҳанд.

Ҳаҷ аз панҷ рукни Ислом аст, ки ҳар мусалмони тавонманд бояд як бор дар тӯли ҳаёташ анҷом диҳад.

Сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ рӯзи 16-уми август шурӯъ шуд. Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар муқаррар шуд. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.