Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, барои посух додан ба партоби мушаки ахири Пхенян, ки аз рӯи Ҷопон парвоз кард, ҳама гузинаҳоро дар ихтиёр дорад. Трамп гуфт, ки Пхенян бо ин амалҳояш ҳамсояҳо, тамоми аъзои СММ ва стандартҳои байналмилалиро таҳқир мекунад.
Мушаки ахири Куриёи Шимолӣ аз болои ҷазираи Ҳоккайдо парвоз кард ва дар баҳр сарозер шуд. Токио инро "таҳдиди бесобиқа ба Ҷопон номид". Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш партоби мушакро маҳкум кард ва аз Пхенян хост, ки ӯҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад.
"Партоб амнияти минтақавӣ, субот ва талошҳои ташкили фазо барои муколамаро ба ҳам мезанад", - омадааст дар изҳороти Гутерриш. Сафири Куриёи Шимолӣ дар СММ аз амали Пхенян ҳимоят кард ва гуфт, ки партобҳои ахир посух ба тамрини низомии ИМА ва ҳампаймонҳояш дар минтақа аст.
Чин бо ин ҳушдор, ки ташаннуҷи авзоъ дар нимҷазираи Куриё ба ҳадди ниҳоияш расидааст, гуфт, Вашингтон ва Сеул бо тамринҳои низомии худ дар ин қазия қисман айбдоранд.
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, Пхенян бояд ба қатъномаи СММ эҳтиром гузорад. Қарор буд, Шӯрои амнияти СММ, ки ахиран зидди Пхенян таҳримҳои сахттаре ҷорӣ кард, 29 август ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад.