29 муаллими забони русӣ, математика, физика ва информатика шоми 29-уми август аз чанде аз манотиқи Русия ба Душанбе омаданд. Онҳо тӯли як сол дар минтақаҳои Тоҷикистон аксаран дар литсею гимназияҳои президентӣ дарс хоҳанд гуфт.
Баъзе аз ин омӯзгорон ҳамроҳи хонаводаи худ ба Тоҷикистон омаданд.
Маоши ин муаллимон 74 ҳазор рубли русӣ, муодили 1200 доллари амрикоӣ хоҳад буд ва аз ин 14 ҳазор рублро ҷониби Тоҷикистон ва 60 ҳазори боқимондаро Вазорати илм ва маорифи Русия пардохт мекунад. Ҳамчунин Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ин гурӯҳи омӯзгоронро бо ҷои зист таъмин кунад.
Бар замми ирсоли муаллимон Русия ба Тоҷикистон тақрибан 60 ҳазор китоби дарсӣ низ фиристодааст. Ҳадаф аз ин тасмим тақвияти забони русӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир садҳо ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия машғули таҳсиланд. Дар Тоҷикистон низ дар чанд донишгоҳ, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи миллӣ, омӯзгорӣ ва забонҳо мутахассисони забони русӣ омода мешаванд.