Нахуствазири Покистон Шаҳид Хоқон Аббосӣ гуфт, стратегияи низомии президенти ИМА Доналд Трамп дар Афғонистон комёб намешавад.
Аббосӣ рӯзи 27 август гуфт, ки бояд роҳи ҳалли сиёсии масъаларо пайдо кард, зеро танҳо ин роҳ метавонад натиҷаи мусбат бидиҳад.
Аббосӣ, ки се ҳафта пеш нахуствазири Покистон интихоб шуд, мегӯяд, Исломобод аз муборизаи зидди терроризм дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки доманаи ин ноамниҳо то ба Покистон паҳн шавад.
Президент Трамп 21 августи соли равон стратегияи нави Амрико дар Афғонистонро, ки дар он эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА 16 сол аст, бо гуруҳҳои тундрав, аз ҷумла Толибон ва ал-Қоида мубориза мебарад, муаррифӣ кард.
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар як пойгоҳи низомӣ дар Вашингтон пирӯзӣ дар ин муборизаҳоро ваъда дода, гуфт, стратегияи нави ӯ бо шумули хуруҷи нерӯҳо на ба замон, балки ба вазъ вобастагӣ дорад. Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис дар пайи ин суханони Трамп хабар дод, ки Амрико ва кишварҳои узви дигари эътилоф ба Афғонистон нирӯи бештаре хоҳанд фиристод.