Дар ҳоле, ки Доналд Трамп дар охири соли 2015 сабқати дарёфти курсии раёсати ҷумҳурро оғоз карда буд, ширкати ӯ муомилоти амлоки маскунӣ дар пойтахти Русияро думбол мекард,- навиштааст нашрияи The Washington Post.
Нашрия бо такя ба афроди наздик ба қазия рӯзи 27 август навишт, ки сармоягузорон ва ширкати Трамп номаеро ба манзури сохтмони "Бурҷи Трамп" дар Маскав имзо карданд.
Аммо бинобар камбуди замин тарҳ ба моҳи январи соли 2016, пеш аз оғози "праймарис" гузошта шуд, мегӯяд Washington Post.
Ба гуфтаи нашрия маълум нест, ки худи Трамп аз ин муомилот огоҳ буд ё на маълум нест, ки шахсан худаш дар ин ҷараёнҳо ширкат мекард ё на.
Washington Post мегӯяд, маълумот оиди ин созиш дар бастаи имейлҳо зикр шудааст, ки хеле зуд дар ихтиёри бозҷӯёни Конгресс қарор мегирад.
Кумитаҳои Конгресс ва FBI ду бозҷӯии алоҳидаро пеш мебаранд, ки эҳтимоли созиши Трамп бо Маскав барои таъсиргузорӣ ба интихоботи президентиро меомӯзанд. Трамп ва Маскав инро рад мекунанд.