Иброҳим Яздӣ, дабири кулли Наҳзати озодии Эрон ва собиқ вазири умури хориҷии он кишвар, дар сини 86-солагӣ дар Туркия даргузашт. Ӯ шоми якшанбеи 27-уми август дар Измири Туркия пас аз чанд моҳи гирифторӣ ба бемории саратони меъда ҷонашро аз даст дод. Оқои Яздӣ дар ҷараёни Инқилоби исломии Эрон аз мушовирони наздики Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори ҷумҳурии исломӣ дар Порис ва Теҳрон буд ва ба узви Шӯрои инқилоб пазируфта шуда буд. Ӯ мудате вазири умури хориҷии ҳукумати муваққат буд ва баъд аз он намояндаи давраи аввали порлумони Эрон шуд. Иброҳими Яздӣ дар нимаи солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба сафи мунтақидони ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ, аз ҷумла дар бораи идомаи ҷанги Ирон ва Ироқ пайваст. Иброҳим Яздӣ аз сӯи мунтақидонаш ба даст доштан дар муҳокима ва эъдоми бархе фармондеҳони артиши шоҳаншоҳӣ пас аз инқилоб, муттаҳам буд. Ҳарчанд ӯ дахолат дар эъдомҳои фармондеҳонро радд кардааст.