Сӯхтор ва таркиш дар анбори силоҳи Озарбойҷон. ВИДЕО

Бар асари сӯхтор дар як анбори аслиҳа дар шимоли Озарбойҷон шаш нафар захмӣ шуда, баъд аз як силсила таркиш сокинони минтақаҳои наздик ба ин муассиса ба ҷои дигар кӯч дода шудаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 27-уми август гуфт, ки инфиҷор баъд аз оғози сӯхтор дар ин анбор дар ҳафтодкилометрии шимоли Боку ба вуқӯъ пайваст.

Вазорат гуфт, ҳоло як комиссиюни муштарак ташкил шудааст, то ин ҳодисаро таҳқиқ кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таркиш ва сӯхтор дар анбори аслиҳаи Озарбойҷон