Татяна Хужина ҷаримаро пардохт ва ба Русия бармегардад

Татяна Хужина

Татяна Хужина, як шаҳрванди Русия, ки ба ҷурми қочоқи тангаи қадимӣ ба пардохти 5 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шуда буд, ин миқдор маблағро супурдааст. Кирилл Кривошеев, хабарнигори нашрияи “Коммерсант”, рӯзи 26-умти август дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, як қисми ин маблағро ширкати “Газпром” додааст.

Ӯ гуфт, ҳоло Хужина ҳуҷҷатҳояшро гирифта, ба зудтарин фурсат ба Русия бармегардад. Кривошеев тайи чанд рӯзи гузашта ба ҷамъоварии кумакпулӣ ба Татяна Хужина машғул буд. Ин хабарнигор мегӯяд, ки харҷи бозгашти Хужинаро хабарнигорони барномаи “Инсон ва қонун” пардохт хоҳанд кард.

Татяна Хужина дар Тоҷикистон ба қочоқи як тангаи замони шоҳигарии Русия муттаҳам шуд ва додситон барояш 6 соли зиндонро талаб кард. Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми август ҳукм кард, ки шаҳрванди Русия ба пардохти 100 нишондиҳанда – баробар бо 5000 сомонӣ ё 561 доллари амрикоӣ вазифадор мешавад.

Нахустин шуда дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки рӯзи 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин шаҳрванди Русия аз ҷониби мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошт шуд. Худи Хужина гуфт, ки тангаи қадимаро ҳамроҳаш аз Русия оварда буд ва ҳеҷ фикр намекард, ки он метавонад арзиши фарҳангию таърихӣ дошта бошад.

Ҷараёни баррасии ин қазия дар маҷмӯъ каме бештар аз ду моҳ идома кард.