Дар хиёбони марказии Душанбе як истгоҳи нави нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифт. Истгоҳи автобусу троллейбус феълан ягона ва намунавӣ аст. Мақомоти пойтахт рӯзи 25-уми август гуфтанд, ки истгоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шудааст. Сокинон мегӯянд, худо кунад, ки истгоҳ дер пояд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдукарим Маҷидов, сокини Душанбе, гуфт, “бигзор ин истгоҳ давраи санҷишии худро пушти сар кунад. Чӣ гуна ба зимистон ва гармои тоқатфарсои мо тобовар аст. Агар тобовар бошад, бояд чунин истгоҳҳҳо афзоиш дода шавад. Бигузор муддате пушти сар шавад, мардум худаш баҳо медиҳад, ки ин истгоҳ хуб аст ё бад.”
Дар истгоҳи нав ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзнома ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои гирифтани маълумот доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо вуҷуд дорад. Телефони шаҳриро ҳам инҷо пайдо мекунед.
Истгоҳи нав ва намунавии нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази Душанбе аз шумораи 36 истгоҳҳои дигар аст, ки бояд дар хиёбони Рудакӣ ва кӯчаҳои наздики он бунёд шавад. Барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардидааст
Масъулони шаҳрдории Душанбе қимати истгоҳи намунавии бунёдшударо ошкор накарданд. Истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Ободонӣ”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст. Дар гузашта ҳукумат дар аксари кӯчаҳои пойтахт истгоҳҳои шишагӣ сохтанд ва то кунун чандтои онро кӯдакону ҷавонон шикаста, вайрон кардаанд.