Пешбинии Бонки Миллӣ: Сомонӣ 9%-и қурбашро аз даст медиҳад

Бонки Миллии Тоҷикистон эълон кард, ки мизони таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ дар муқоиса ба соли гузашта ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Ин ниҳоди молӣ рӯзи 25-уми август далели чунин вазъро ба коҳиши истеҳсолот ва афзоиши қимати маҳсулоти кишоварзӣ рабт дод. Аммо коршиносон мегӯянд, "кам будани мизони интиқоли пули муҳоҷирон ва дар гардиш будани миқдори зиёди пули миллии сомонӣ" боис ба болоравии сатҳи таваррум шудааст.

Одатан камбуди маҳсулот ва хидматрасонӣ бо пули миллӣ боис ба таваррум мешавад. Яъне, пул аз миқдори маҳсулоти мавҷуда бештар чоп мешавад.

Дар изҳороти Бонки Миллии Тоҷикистон дурнамои мизони таваррум дар соли ҷорӣ 9 дарсад пешбинӣ шудааст. Дар соли гузашта сатҳи таваррум дар кишвар 7 дарсадро ташкил медод. Қаблан таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии Рушд дар гузорише дар моҳи ҷорӣ пешгӯӣ карданд, ки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нарх ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон, мумкин аст, мизони таваррум дар кишвар то 11,7 дарсад боло равад.

Дар гузориши Бонки Миллии Тоҷикистон сабабҳои афзоиши таваррум ба коҳиши мизони истеҳсол ва пешниҳоди ками маҳсулоти алоҳидаи хӯрокворӣ, омилҳои мавсимӣ ва афзоиши гардиши пули нақд дар бозор рабт дода шудааст. Бар асоси арзёбии ин ниҳоди молӣ, "қимати бештари маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хидматрасониҳо дар сатҳи қаблӣ боқӣ монда, вале нархи бензин ва гази моеъ мутаносибан 21 ва 13,1 дарсад афзоиш ёфтааст."

Нархи маҳсулоти ғизоӣ, бахусус, нархи сабзавоти серистеъмол, назири картошка, пиёз ва сабзӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ якбора боло рафтааст. Нархи ин маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Арзиши гӯшти гову шакар низ боло рафт.

Ҳамзамон, тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар ин давра нархи помидор, бодиринг, тухм, биринҷ ва шир то андозае коҳиш ёфтааст.

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки болоравии қимати маҳсулоти ғизоӣ омили аслии таваррум набуда, балки сабаби аслии он дар идомаи бӯҳрони иқтисодӣ, ноустувории пули миллӣ ва мушкилоти ҷиддии бонкҳо ҳисоб меёбад. Ӯ гуфт, “одатан камбуди маҳсулот ва хидматрасонӣ бо пули миллӣ боис ба таваррум мешавад. Яъне, пул аз миқдори маҳсулоти мавҷуда бештар чоп мешавад. Сиёсати соли гузаштаи Бонки Миллӣ барои танзими хариду фурӯши асъор ва баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва маҳдуд шудани истифодаи асъори хориҷӣ мунҷар ба зиёд шудани миқдори сомонӣ дар бозори дохилӣ шудааст. Ҳоло ҳамаи интиқолҳо аз хориҷи кишвар бо сомонӣ сурат мегирад. Ҳатто бонкҳо пасандозҳо бо асъори хориҷиро бо сомонӣ медиҳанд.”

Зафар Абдуллоев

Омили ҷиддии дигари осеб дидани иқтисод дар пойин будани мизони воридоти маблағҳои муҳоҷирони корӣ аз Русия мебошад. То соли 2013-2014 пулҳои интиқолии муҳоҷирон – 4 миллиард доллар – нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медод.

Вале баъди таҳрими Русия аз ҷониби Ғарбу Аврупо ба хотири шурӯи амалиёти мусаллаҳона дар шарқи Украина ва ғасби нимҷазираи Қрим, мизони даромади шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳам рӯ ба коҳиш овард. Коҳиши интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2016 нисбат ба соли 2013 беш аз 53 дарсадро ташкил додааст. Яъне, мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар муқоиса бо соли 2013, ки 43 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медод, соли 2015 то 29 дар сад коҳиш ёфт.

Дар соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 1 миллиарду 432 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 14,5 дарсад камтар будааст.

Мақомот эътироф мекарданд, ки то соли 2014 интиқоли маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия аз гардонандагони иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бештари сокинони шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯянд, ки якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал ба сатҳи зиндагии онҳо таъсири ҷиддӣ расондааст. Ҳусноро, як сокини Душанбе мегӯяд, тақрибан 80 дарсади маоши хонаводааш барои харидории маҳсулоти ғизоӣ масраф мешавад: “Ман нисбат ба солҳои пештара ду баробар камтар картошка, пиёз ва гӯшт мехарам. Агар пештар дар як моҳ 5 кило гӯшт масраф мекардем, ҳоло ин рақам то 1 кило коҳиш ёфтааст. Нархи картошкаву пиёз 4-5 сомонӣ буда, маоши давлатӣ 700-800 сомониро ташкил медиҳад. Ин пул барои таъмини рӯзгор кофӣ нест.”

Гулбибӣ, як зани куҳансол гуфт, дар ҳоле ки нархи маҳсулоту хизматрасонӣ ҳамасола афзоиш меёбад, аммо нафақа дар сатҳи қаблӣ боқӣ мондааст. “Бо пули нафақа зиндагӣ кардан душвор аст. Имсол на танҳо нархи маҳсулоти озуқаворӣ, нархи барқу об ҳам қимат шуд”, - афзуд ӯ.

Ба бовар иқтисодшиноси мустақил Зафар Абдуллоев, аз мавридҳои афзоиши мизони таваррум умдатан афроди камбизоат зарар мебинанд. “Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки мизони камбизоатӣ хеле боло аст. Таваррум ба қишри осебпазири ҷомеа зарба мезанад. Дар натиҷа мардуми фақир фақиртар мешаванд”, - гуфт Абдуллоев.

Ӯ афзуд, барои ислоҳи ин вазъ бояд ба бахши хусусӣ, махсусан, ба соҳибкории хурду миёна имкон фароҳам кард, то ҳам маҳсулот тавлид карда бозори дохилиро пур кунанду ҳам ҷойҳои кор ташкил намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бар пояи пешгӯиҳои Бонки Миллии Тоҷикистон, интизор меравад, сатҳи таваррум дар семоҳаи дуюми соли оянда ба эътидол биояд. Зимнан, баландтарин мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2011 сабт шуда буд, ки нарху хидматрасонӣ 12,5 дарсад афзоиш ёфт. Поинтарин сатҳи таваррум дар соли 2013 ба мушоҳида расида ва мизони он 5,1 дарсадро ташкил дода буд.