Як заминларзаи 4,8-баллӣ марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро таккон додааст. Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон гуфт, ки заминларза соати дувоздаҳуними 25-уми август рух дод.
Ба қавли манбаъ, маркази зилзила дар 320-километрии ҷануби шарқи Душанбе ва дар умқи 10 километр ба амал омадааст.
То ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ гузорише нарасидааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шудааст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.