Нахуствазири Покистон Шоҳид Ҳаққон Аббосӣ барои таҳияи посух ба сиёсати нави ИМА дар Афғонистон бо раҳбарони низомӣ ва мақомоти аршади кишвар мулоқот анҷом дод.
Генерали аршади артиш Қамар Ҷовид Баҷва ва вазири умури хориҷӣ Хаваҷа Осиф, рӯзи 24 август якҷо бо мақомоти дигари Покистон дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Миллӣ иштирок карданд.Дар ин бора нашрияи "Dawn" гузориш дод.
Рӯзи 22 август президенти Амрико Доналд Трамп зимни шарҳи стратегияи нави ИМА дар Афғонистон гуфт, Вашингтон рафтори Покистонро, ки ба гурӯҳҳои тундрави мисли Толибони афғон паноҳгоҳ медиҳад, дигар таҳаммул нахоҳад кард. Покистон ин иддаоро рад мекунад.
Хаваҷа Осиф, вазири умури хориҷии Покистон рӯзи 23 август гуфт "онҳо барои нокомиҳояшон дар Афғонистон набояд Покистонро барраи қурбонӣ кунанд."
Дар мулоқот бо сафири ИМА дар Исломобод генерад Баҷва гуфт, ки "сулҳ дар Афғонистон барои Покистон ба ҳамон дараҷа муҳим аст, ки барои ҳар кишвари дигар аҳамият дорад."