Қатар бар қасди Саудӣ равобити дипломатӣ бо Эронро пурра барқарор кард

Прачамҳои Эрону Қатар

Қатар бар хилофи талаби Саудӣ ва як идда кишварҳои арабӣ, ки мехоҳанд Доҳа бо Теҳрон ҳеҷ рабовите надошта бошад, рӯзи 24 август робитаи дипломатӣ бо Эронро комилан барқарор кард.

Вазорати умури хориҷии Қатар эълон кард, ки сафири кишвар акнун ба Теҳрон бармегардад. Сафири Қатар 20 моҳи пеш дар ҳоле аз Эрон хориҷ шуд, ки Арабистони Саудӣ бо эъдоми рӯҳонии шиъа ба мавҷи эътирозҳо ва ҳамла ба намояндагиҳояш дар Эрон сабаб шуд.

Вазорати умури хориҷии Қатар гуфтааст, ки Доҳа мехоҳад равобит дуҷониба бо Эронро "дар ҳама соҳаҳо" ба роҳ монад.

Қатар ва Эрон захирагоҳҳои оффшории гази табииро муштаракан истифода мекунанд, ки робита байни ду давлатро тақозо мекунад.

Аз замони баҳси дипломатии Қатар бо Саудӣ ва чанд давлати дигари Арабӣ, моҳи июни соли ҷорӣ ва баста шудани ягона масири заминии интиқоли борҳо, Эрон ба Қатар дасти ёрӣ дароз кард ва ба ин кишвар корвони ҳомили маводи ғизоӣ фиристод.