Солеҳӣ: Барои азсаргирии ғанисозии уран панҷ рӯз кофӣ аст

Акбар Солеҳӣ

Акбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, гуфт, ки кишвараш барои бозгашт ба ғанисозии уран ҳамагӣ панҷ рӯз кор дорад.

Шарҳи Солеҳӣ рӯзи 22-юми август ба дунболи иттиҳоми маъмурияти Амрико пахш шуд, ки мегӯяд, Эрон тааҳудаш дар баробари созишномаи ҷилавгирӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ба ивази нармиши таҳримҳоро иҷро намекунад.

Теҳрон дар навбати худ бо ишора ба таҳримҳои нави ИМА алайҳи Эрон, Вашингтонро ба хароб кардани руҳияи тавофуқ муттаҳам кард. Солеҳӣ гуфт, “бузургтарин авлавияти Эрон ҳифзи тавофуқномаи ҳастаӣ аст, аммо на бар ҳар қимате.”

Нозирони ИМА ва Созмони Милали Муттаҳид, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эронро назорат мекунанд, мегӯянд, Теҳрон ба созишнома тааҳуд дорад. Аммо Вашингтон мегӯяд, Эрон ба озмоиши мушакҳои балластикӣ идома медиҳад, ки тавони бурдани кӯлоҳакҳои ҳастаиро доранд.