Вокунишҳо ба стратегияи нави Амрико. Аз Толибон то Тоҷикистон. ВИДЕО, САДО

Эълони стратегияи нави Амрико дар Афғонистону Осиёи Ҷанубӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Дар ҳоле ки ҳукумати Афғонистон дар як эъломияи расмӣ аз ин стратегия истиқбол кард ва онро ба манфиат донист, гурӯҳи Толибон ба “шиддат ва идомаи ҷанг алайҳи нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон” таъкид намуд. Бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ки баёнияи Толибон рӯзи 22-юми август ба расонаҳо фиристода шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокунишҳо ба стратегияи нави Амрико. Аз Толибон то Тоҷикистон

Доналд Трамп дар суханрониаш нагуфт, ки чӣ қадар нерӯи изофӣ ба Афғонистон фиристода мешавад ва ҳам нагуфт, ки сарбозони амрикоӣ кай ҳамсоякишвари Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Аммо арки раёсати ҷумҳури Афғонистон аз эълони стратегияи маъмурияти Доналд Трамп барои ҳамкорӣ бо Афғонистон қадрдонӣ кард. Кобул эълони ҳимоят аз Афғонистонро "нишондиҳандаи тааҳуди пойдори Амрико дар як ҷанги ҷаҳонгир" номид.

Салоҳиддин Раббонӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон, низ аз эълони стратегияи нави Амрико барои Афғонистон ситоиш кард. Ӯ рӯзи 22-юми август ин стратегияро фасли нав дар муносибати байни ду кишвар барои дастёбӣ ба ҳадафҳои миллии Афғонистон унвон кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп: “ИМА ба ҷанги зидди терроризм дар Афғонистон идома медиҳад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми август стратегияи нави кишвараш дар Афғонистонро муаррифӣ кард ва қавл дод, ки то замони пирӯзӣ дар онҷо мубориза мебарад. Зимни суханронӣ дар як пойгоҳи низомӣ дар наздикии Вашингтон, ӯ гуфт, стратегияи нав ба он равона шудааст, ки Афғонистон ба як пойгоҳи амн барои тундравони исломӣ табдил наёбад.

Доналд Трамп дар суханрониаш нагуфт, ки чӣ қадар нерӯи изофӣ ба Афғонистон фиристода мешавад ва ҳам нагуфт, ки сарбозони амрикоӣ кай ҳамсоякишвари Тоҷикистонро тарк мекунанд. Айни замон ӯ аз Покистону Ҳинд ва кишварҳои узви НАТО хост, ба Афғонистон бештар кумак расонанд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, аз стратегияи нави Амрико истиқбол кард ва гуфт, ки ин барнома ба воқеиятҳо ва шароит дар дохили Афғонистон такя мекунад. Ӯ рӯзи 22-юми август гуфт, НАТО барои ҳамкорӣ бо Афғонистон пойбанд аст ва бесаброна интизори аст, ки вазири диофи Амрико ва дигар муттаҳидони НАТО дар мавриди роҳҳои амалӣ кардани ин стратегия машварат кунанд.

Маъмурияти ҳимояти қотеи НАТО дар Афғонистон низ дар як паём дар Твиттер гуфт, "ҳузури мо мутобиқи шароити ҳоким хоҳад буд ва хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар тибқи ҷадвал нахоҳад буд." Маъмурияти мазкур ҳамчунон ба Толибон ҳушдор дод, ки аз роҳи ҷанг пирӯз нахоҳанд шуд ва ин замонест, то аз хушунат даст кашида, музокира кунанд.

Йенс Столтенберг

Дар Душанбе ҳам ба стратегияи нави Амрико дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, таваҷҷуҳ карданд. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, гуфт, Амрико бо амалӣ кардани ин стратегия мехоҳад, кореро, ки 16 соли қабл оғоз карда буд, ба охир расонад. “Амрико соли 2001 ба Афғонистон ворид шуд ва хост, ки решаи терроризмро барканад. Ҳарчанд натавонист ба пуррагӣ муваффақ шавад, бояд ин кори шуруъкардаашро ба анҷом расонад. Албатта, то куҷо муваффақ мешавад, ин вақт мехоҳад. Агар Амрико ҳозир нирӯҳояшро комилан гирифта берун барад, дар Афғонистон ҳараҷу мараҷ ва бесарусомонӣ бештар мешавад. Чун қудрате нест, ки пурра кишварро ба низом оварда тавонад. На Толибон, на ҳукумати ҳозира ва на дигару дигарҳо ин нирӯро надоранд”, - афзуд ӯ.

Абдумалик Қодиров

Ҳамзамон Қодиров бар ин назар аст, ки Амрикоро зарур меояд, дар масъалаи Афғонистон бо Русияву Чин низ ҳамкорӣ кунад. Дар ҳоле ки ба қавли Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари сиёсӣ, бо ворид кардани нирӯҳои иловагӣ ба Афғонистон рақобатҳои низомии Амрико бо Русияву Чин шадидтар хоҳад шуд.

Бархе дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ирсоли нирӯҳои иловагии артиши Амрико ба Афғонистон баёнгари боқӣ мондани ин кишвар дар минтақа аст. Аҳмадшоҳи Комилзода, коршиноси тоҷик гуфт, “аз оғоз маълум буд, ки Амрико ҳар чӣ бештар ҳузури худро дар Афғонистон тақвият доданист ва на имрӯзу на фардо аз ин минтақа берун шуданӣ нест.”

Ба гуфтаи Комилзода, “Амрико бо ҳузураш дар Афғонистон мехоҳад, назорат бар кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро дошта бошад. Ба хусус, ба қазияи Ҳинду Покистон ва аз сӯи дигар ба Эрон, ки шомили мухолифатҳое бо ин абарқудрати ҷаҳонист.”

Аҳмадшоҳ Комилзода

Нирӯҳои амрикоӣ баъд аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 вориди Афғонистон шуданд. Ҳадафи онҳо мубориза бо аъзои "Ал-Қоида" – як шабакаи террористие буд, ки масъулияти ҳамла ба Амрикоро анҷом додааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бо кумаки Толибон дар хоки Афғонистон паноҳ ёфта буданд. Эътилофи нирӯҳои байналмилалӣ Толибонро аз қудрат барканор кард, вале ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ва шӯришиёни дигар ҳамоно қаламравҳои зиёдро дар хоки Афғонистон назорат мекунанд.