Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – стратегияи нави кишвараш дар мавриди Афғонистон ва Осиёи Ҷанубиро эълон кард ва иҷоза дод, ки артиши Иёлоти Муттаҳида шумори бештари нирӯи низомиро ба он кишвар бифиристад. Оқои Трамп, ҳамчунин, зимни интиқод аз Покистон гуфт, ки “тааҳҳуди Амрико беохир нест”.
Нирӯҳои амрикоӣ баъд аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 вориди Афғонистон шуданд.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 22-юми август, ҳангоми суханронӣ дар аёлати Вирҷиния, гуфт, дар ҷанг алайҳи терроризм Иёлоти Муттаҳида ба ҳимояташ аз ҳукумат ва нирӯҳои амниятии Афғонистон идома хоҳад дод, вале гуфт, “кишвараш дар Афғонистон ба давлатсозӣ намепардозад.” Доналд Трамп ҳарчанд ба афзоиши нирӯҳои тозанафаси кишвараш дар Афғонистон ризоят дод, гуфт, набояд ба теъдоди нирӯҳо ва ҳамунон ҷадвали замонӣ барои хуруҷ аз Афғонистон тамаркуз шавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, шӯришиён аз ин нақша манфиат мебаранд.
Пеш аз ин бархе аз фармондеҳон ва мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, ки шояд то чаҳор ҳазор нирӯи низомии он кишвар ба Афғонистон фиристода шавад. Бо ин ҳол, Доналд Трамп таъкид кард, ки Афғонистон бо душман рӯбарӯст ва Амрико низ бо онҳо дасту панҷа нарм мекунад.
“Ангезаи аслии ман хориҷ кардани нирӯҳо аз Афғонистон буд ва ман аз ин азми худ пайравӣ кардаам. Вале дар тӯли зиндагиам шунидаам, ки тасмимгирӣ вақте ки дар паси мизи Қасри Сафед менишинӣ ва раиси ҷумҳури Амрико ҳастӣ, фарқ мекунад”, - афзуд ӯ.
Раиси ҷумҳури Амрико инро возеҳ сохт, ки “шӯришиён бояд бидонанд, ҳеҷ гоҳ аз назари Амрико дур нахоҳанд монд ва ҳадаф қарор хоҳанд гирифт”. Ҷовид Файсал, муовини сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон, баъд аз эълони стратегияи нави Амрико дар кишвар гуфт, “Афғонистон аз тасмими Доналд Трамп барои шаркиӣ бо Афғонистон дар мубориза бо душман ва раисдан ба ҳадафҳои муштарак истиқбол мекунад.”
Раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми муаррифии стратегияи ИМА дар баробари Афғонистон ва Осиёи Ҷанубӣ ба масъалаи Покистон ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, Амрико дар бораи пойгоҳҳои шӯришиён дар Покистон низ хомӯш нахоҳад нишаст. “Покистон ба навбати худ аксаран барои унсурҳои ошӯбгар, хушунат ва террорист паноҳгоҳ додааст. Ин таҳдиди бузург аст, зеро Ҳинду Покистон ҳарду кишварҳои дорои силоҳи ҳастаианд ва равобити пуртаниши онҳо метавонад боис ба буҳрон шавад ва вуқӯи он мумкин аст”, - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Доналд Трамп, Покистон дар гузашта шарики хубе барои Амрико буд ва Вашингтон аз ҳамкориҳои пешин сипосгузорӣ мекунад. Аммо ӯ гуфт, ҳадафи Амрико дар Афғонистону Покистон мушаххас аст, ки набояд дубора ба лонаи терроризм мубаддал шаванд.
Рекс Тиллерсон
Пеш аз эълони стратегияи нави Амрико, Рекс Тиллерсон – вазири умури хорҷии Иёлоти Муттаҳида бо ҳамтоёни худ аз Афғонистону Покистон ва Ҳинд телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Бино ба гузоришҳо, Тиллерсон ин гуфтугӯҳоро рӯзи душанбе анҷом дод. Вазорати умури хорҷии Амрико мегӯяд, тамоми ҷонибҳо дар ин маврид суҳбат кардаанд, ки чи гуна кишвараш метавонад дар стратегияи нави минтақаӣ бо Афғонистону Покистон ва Ҳинд кор кунад, то ин минтақа босубот бошад.
Дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида 8400 сарбоз ва дар маҷмуъ кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон ҳудуди 13400 низомӣ доранд.
Нирӯҳои амрикоӣ баъд аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 вориди Афғонистон шуданд. Ҳадафи онҳо мубориза бо аъзои "Ал-Қоида" – як шабакаи террористие буд, ки масъулияти ҳамла ба Амрикоро анҷом додааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бо кумаки Толибон дар хоки Афғонистон паноҳ ёфта буданд. Эътилофи нирӯҳои байналмилалӣ Толибонро аз қудрат барканор кард, вале ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ва шӯришиёни дигар ҳамоно қаламравҳои зиёдро дар хоки Афғонистон назорат мекунанд.