Таронаҳои мазҳабӣ дар Интернет боиси баҳси додгоҳӣ шуд

Сокини Алматоро, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" таронаҳои мазҳабӣ "гӯш мекард", дар "тарғиби терроризм" ва "барангехтани адовати динӣ" айбдор мекунанд.

Тафтиши парванда панҷ моҳ давом кард ва рӯзи ҷумъаи гузашта ба додгоҳи ноҳияи Алмалин супорида шуд. Вакили мудофеъ мегӯяд, "бори аввал аст, ки бо айбномаи гӯш кардани тарона рӯ ба рӯ мешавад".

Шуҳрат Кабирови 32-соларо мақомоти қазоқ моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт карданд. Ӯ бо моддаҳои "Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ", "Тарғиби терроризм ё ба таври оммавӣ даъват ба ҳамлаи террористӣ бо истифода аз расонаҳо ё шабакаҳо" айбдор мешавад.

Кабиров дар саҳифаи "Алим Ахметов" дар "ВКантакте", ки ҳанӯз дар ин шабака маҳфуз аст таронаҳои мазҳабӣ мешунид. Соҳиби саҳифа тахмин меравад, бори охир 8 август вориди Интернет шудааст. Тафтишот мегӯяд, "Шуҳрат Кабиров бо номи Алим Ахметов дар шабака саҳифа дорад".

Вакили дифоъ ӯ Галимҷон Нурпеисов иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки зерҳимояаш кӣ будани "Алим Ахметов"-ро намедонад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, шикояти як донишҷӯи донишгоҳи "Нур Муборак", ки гуфтааст, саҳифаи "Алим Ахметов" наворҳои мазҳабӣ нашр мекунад, боиси боз кардани парванда шудааст.

Тафтишот собит кардааст, ки таронаҳои мазҳабӣ ё нашидҳо ба барангехтани бадбинии мазҳабӣ, таҳқири пайравони динҳои дигар, тарғиби терроризм ва тундгароии динӣ даъват мекунанд.