Дар як амалиёти нирӯҳои амниятии Туркия як зани тоҷик аз дасти қочоқчиёни инсон раҳо шуда, ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятии Туркия рӯзи 15-уми августи имсол дар нуҳ минтақаи вилоятҳои Истанбулу Қайсарӣ ва Навшаҳр баргузор шуда, бо боздошти 5 шаҳрванди Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон анҷомид. Дар миёни онҳо афроди гумонбар дар қочоқи инсон ва ҳам ҷабрдидаҳои тиҷорати фаҳшо будаанд.
Гурӯҳе аз занҳо, ки маҷбур ба танфурӯшӣ шуда буданд, боздошт шуданд. Дар миёни онҳо занҳои молдован, қирғиз ва узбак буданд
Як масъули сафорати Тоҷикистон дар Анкара рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар амалиёти ҳафтаи гузашта дар шаҳри Гебзеи вилояти Коҷаалӣ як шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти қочоқчиёни инсон озод шуд. Ин зан, ба гуфтаи мақомот, ҷабрдида буд ва рӯзи 17-уми август ба Тоҷикистон истирдод гардид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулин аз мушаххасоти марбут ба ҳуввияти ин зан ва сокини кадом минтақаи Тоҷикистон буданаш худдорӣ карда мегӯянд, бо андешаҳои ахлоқӣ маълумоти бештари марбут ба ин зани тоҷик фош намешавад. Танҳо таъкид мешавад, ки ин зан “аз ноогоҳӣ ба дасти қочоқбарон афтода, қурбони тиҷоратҳои сиёҳи онҳо шуд”, дар ҳоле ки ба Туркия бо ваъдаи кор рафта буд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар миёни афроди гумонбар дар қочоқи инсон ваё истифодаи занон дар бозори танфурӯшӣ шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт нашудаанд. Матбуоти туркӣ навишт, шахсони боздоштшуда гуфтаанд, барои ворид кардани занҳо ба Туркия 4 ҳазор доллар масраф шуда ва занҳо бояд аз ҳисоби танфурӯшӣ ин қарзро бозгардонанд. Занҳо дар манзили мардҳои боздоштшуда дар Кандир, Қайсарӣ ва Навшаҳр ба фаҳшо машғул будаанд.
Дар маҳалли зисти боздоштшудаҳо як туфанг, туфангча, телефонҳои мобилӣ, симкортҳо, ноутбук ва ба миқдори зиёд асъори хориҷӣ кашфу мусодира шудааст. Боздоштшудаҳо ба бинои додгоҳи Қабза интиқол шуда ва корҳои тафтишотӣ дар ин замина идома дорад. Мушаххас нест, ки чанд нафар зан дар маҷмӯъ қурбони тиҷорати сиёҳи фаҳшо шудаанд.
Аз ин пеш бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти пулис ва ниҳодҳои амниятӣ дар шаҳри Хӯҷаалии Туркия рӯзи 17-уми августи соли ҷорӣ занҳои узбак, ки танфурӯшӣ мекарданд, боздошт ва ба ватан бозгардонда шудаанд. Аммо теъдоди ин занҳо эълон нашудааст. Элвира Будайчиева, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Истамбул рӯзи 21-уми август тавассути телефон гуфт, дар ҳафтаи гузашта дар минтақаи Оқсаройи Истанбул шоҳиди рейди пулис нисбат ба фоҳишаҳо шудааст.
“Гурӯҳе аз занҳо, ки маҷбур ба танфурӯшӣ шуда буданд, боздошт шуданд. Дар миёни онҳо занҳои молдован, қирғиз ва узбак буданд”, – гуфт ӯ.
Қочоқи инсон ва бо ҳадафи истифода дар бозори сиёҳи фаҳшо аз шумули ҷиноятҳои сангини фаромиллӣ маҳсуб мешавад ва қонунҳои Тоҷикистон муҷримонро ба мӯҳлати аз 5 то 15 соли зиндон бо мусодираи молу амвол маҳкум мекунад. Барои мубориза бо ин ҷиноятҳо бахши вижаи пулиси Тоҷикистон кор мекунад. Соли гузашта дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мусоидати молии Амрико Маркази муқовимат бо тиҷорати инсон таъсис шуд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ дар маросими ифтитоҳи ин марказ гуфта буд, ки дар соли 2016 дар Тоҷикистон ҳудуди 50 нафар ба иттиҳоми қочоқи инсон боздошт ва муҳокима шудаанд.
Аз ҷумла, дар моҳи январи соли 2016 кормандони ҳифзи ҳуқуқ Сунаҳвар Зубайдова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Заррина Назарова, сокини ноҳияи Вахшро бо гумони даст доштан дар қочоқи духтарон ба шаҳри Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд. Дар моҳи декабри соли 2015 низ кормандонии пулис ду зани ҷавони сокини Душанберо бо айбномаи мушобеҳ дастгир карда буданд. Ин ду нафар ба зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чиптаи ҳавопаймо харида ва барои истифодаи шаҳвонӣ ба шаҳри Дубай фиристодаанд.
Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар муддати солҳои 2005-2016 мавридҳои қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ, 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд. Аз ҷумлаи ин афрод 347 нафар занону духтарони аз 14 то 47-сола ва 108 ноболиғ мебошанд. Қурбониҳо барои танфурӯшӣ истифода шудаанд. Ба ҳисоби миёна, соле 63 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди истифодаи қочоқчиён қарор гирифтааст.
Масъулони Созмони байналмилалии муҳоҷират мегӯянд, ки дар солҳои ахир масири тиҷорати инсон, бахусус, интиқоли занҳои тоҷик барои истифодаи ҷинсӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Туркия сурат мегирад. Онҳо гуфта буданд, ин занҳо дар Туркия ба фаҳшо ҷалб шуда ва ё тавассути ин кишвар ба мамолики арабӣ мунтақил мегарданд.