Додгоҳи Тоҷикистон эълони ҳукми Хужинаро ба таъхир гузошт

Татяна Хужина

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе эълони ҳукми шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки барои қочоқи як тангаи қадимӣ дар Тоҷикистон муттаҳам аст, то охири ҳафта ба таъхир гузошт. Додрас рӯзи 21-уми август гуфт, ки ҳоло ба хонаи машвартӣ рафтааст.

Қаблан додситон барои Татяна Хужина 6 соли зиндонро талаб кард, аммо дар айни замон хост, иҷрои ҳукми ӯ бар асоси моддаи 78-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба таълиқ дароварда шавад.

Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи қадимӣ муттаҳам аст, дар Тоҷикистон таваллуд шуда, чанд соли қабл ба шаҳри Рибински Русия кӯчид. Татяна Хужина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тангаҳои қадимиро бо худ аз Русия оварда буд, аммо ҳоло барои исботи он дасти кӯтоҳе дорад. Хужина мегӯяд, барои гузарондани давраи рухсатиаш ба Тоҷикистон омадааст.

Нахустин шуда дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки рӯзи 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин шаҳрванди Русия аз ҷониби мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошт шуд. Вазорати умури хориҷии Русия аз додгоҳи Тоҷикистон хостааст, ки қазияи Хужинаро боадолатона баррасӣ кунад.