Дар шаҳри Алмаато баррасии парвандаи рӯзноманигор Ҷонболат Мамай, ки бо интиқоди шадиди худ аз ҳукумати Қазоқистон маъруф аст, идома дорад. Мамайро дар пулшӯӣ айбдор мекунанд, вале худи ӯ ва ҷонибдоронаш ин айбро сохта меноманд.
Дар мурофиаи ахир муовини пешини мудири бонки БТА-и Қазоқистон Жақсилик Жаримбеков, ки Мамай ба "шустушӯй"-и пулҳои ин бонк айбдор аст, ҳамчун шоҳид бозпурсӣ шуд.
Жаримбеков дар додгоҳ гуфт, ки пулҳоро ба Мамай додааст. Ба гуфтаи муовини пешини бонки БТА, ӯро бо Мамай Аблязов соли 2011 ба воситаи "Skype" шинос кард ва ӯ танҳо ба хотири "зарурати матбуоти озод дар Қазоқистон ба рӯзноманигор кумак намуд".
Моҳи июни соли равон додгоҳи Алмаато Жаримбековро дар доираи парвандаи раҳбари пешини Бонки БТА ва сиёсатмадори мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов айбдор дониста, ба ҷазои шартӣ маҳкум кард. Жаримбеков моҳи январ аз Туркия ба Қазоқистон истирдод шуда буд.
Муҳаррири нашрияи мухолифи "Трибуна" Ҷонболат Мамайи 28-сола аз 10 феврал ба ин тараф дар ҳабс аст. Ӯ дар "шустушӯи" маблағҳои бонки БТА ба воситаи расонаи худ айбдор мешавад. Мамай иттиҳомро эътироф намекунад ва парвандаи худро сиёсӣ медонад.