Роҳиби қазоқ барои як тарона ба додгоҳ рафт

Витайли Залоткин- роҳиби калисои "Ҳаёти нав" дар минтақаи Уст-Каменагорск

Дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон роҳиби калисои масеҳиёни "Ҳаёти Нав" Виталий Затолокинро барои нақзи қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд. Эҳтимол аст, фаъолияти ин иттиҳодияи динӣ низ манъ карда шавад.

Ҳуқуқшиноси калисо Мадина Нам гуфт, дар як чорабинии шаҳр, ки дар истироҳатгоҳе мегузашт, таронае бо калимаҳои "Худованд" иҷро шуд ва идораи умури дин онро ҳамчун маросими мазҳабӣ ба қайд гирифта, намояндагони "Ҳаёти нав"-ро ба нақзи қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ айбдор кард.

"Дар истироҳатгоҳ як овозхони ношинос таронаеро бо калимаҳои "Худованд" сароид. Ин калима ҳамагӣ ду бор шунида шудааст. Ҳоло иттиҳодияро ба ин муттҳам мекунанд, ки маросими мазҳабӣ баргузор кард. Дар ҳоле ки мо ба он ҳеч дахле надорем. Дар миёни истироҳаткунандаҳо ба ҷуз аъзои иттиҳодия, нафарони дигар, аз ҷумла атеистҳо ҳам буданд. Пулис муайян накардааст, ки таронаро кӣ иҷро кард", - афзуд Мадина Нам.

Мадина Нам мегӯяд, ҳоло пулис ва мақомоти умури дин алайҳи Виталий Затолокин ҳамчун намояндаи калисо санад тартиб додаанд. Худи роҳиб мегӯяд, ҳарчанд он рӯз дар истироҳатгоҳ буд, вале дар чорабинии номбурда иштирок надошт.

Додгоҳи Уст-Каменогорск 16 август дархости калисои "Ҳаёти Нав" барои баррасӣ ва бекор кардани санади қоидавайронкунии маъмуриро рад кард.

Дар Қазоқистон тайи ҳафтаи равон бори дувум аст, ки роҳибро ба нақзи қонун дар бораи фаъолияти мазҳабӣ ва иттиҳодияи динӣ айбдор мекунанд. 14 август дар вилояти Ҷамбул додгоҳ баррасии парвандаи роҳиб Владимир Воронтсовро оғоз кард, ки ба дуохонӣ дар кӯҳ, 20-километрии маҳалли аҳолинишин, муттаҳам шудааст.