Додситонии Украина, нақошиҳоеро, ки ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим интиқол ёфтанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дод. Боигариҳои фарҳангиии Украина аз тарақи Интерпол ҷустуҷӯ мешаванд. Доситонӣ рӯзи 17 август изҳори умед кард, ки ҷустуҷӯи байналмилалӣ ба бозгашти тасвирҳо суръат мебахшад.
Моҳи марти соли 2014 намоишгоҳи тасвирҳо аз Мариупол ба осорхонаи Семферопол интиқол ёфт. Ин таҳаввулот баъди ишғоли Қрим рух дод. Наққошиҳо бидуни иҷозат ба Симферепол фиристода шуданд ва додситонӣ аз рӯи ин ҳодиса парванда боз кард.
Дар маҷмуъ 52 наққошӣ ҷустуҷӯ мешавад. Тасвирҳои "Шаби моҳтобӣ"-и Иван Айвазовский. "Роҳ ба сӯи беша"-и Иван Шишкин ва "Ботлоқ"- и Исаак Левитан аз наққошиҳои номбар мешаванд. Арзиши ин наққошиҳо бештар аз 1 миллион доллар ҳисоб шудааст.