Эрону Туркия алайҳи истиқлолияти Курдистон садо баланд карданд.

Раиси ситоди нерӯҳои низомии Эрон генерал Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ дар ҷараёни сафараш ба Туркия

Туркия ва Эрон дар як сафари камназири мақоми низомии Теҳрон ба Анкара, рӯзи 16 август, алайҳи реферундуми истиқлолияти Курдистон, ки моҳи оянда дар Ироқ бургузор мешавад, мухолифати шадид нишон доданд.

Ба навиштаи матбуоти Туркия, аз замони инқилоби исломии Эрон, дар соли 1979, бори аввал аст, ки раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Туркия сарфар кард.

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Генерал Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ рӯзи 15 август дар остонаи сафараш ба Анкара дар телевизиони Эрон гуфт, ки солҳост ин гуна сафарҳо дар байни ду кишвар баргузор нашудаанд, аммо таҳаввулоти минтақа, масоили амниятӣ ва мубориза бо терроризм ин заруратро ба миён овардааст.

Боқирӣ баъди дидору гуфтугӯ бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ кард.

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, ҳарду тараф ин мавқеъро доранд, ки реферундуми истиқлолияти Курдистон дар Ироқ метавонад кулли минтақаро нором кунад.

Курдҳо ақалиятҳои қобили мулоҳизаи минтақаанд, ки дар чаҳор кишвар Эрон, Ироқ, Сурия ва Туркия зиндагӣ мекунанд ва солҳост гоҳ бо хушнунат ва гоҳ бо эътирозҳо талаби истиқлолият мекунанд.