Ироқ хостори таҳқиқи ҷиноятҳои ДИИШ алайҳи башарият шуд

Харобаҳои Шаҳри Кӯҳна ва масҷиди Ал-Нурӣ дар Ироқ

Харобаҳои Шаҳри Кӯҳна ва масҷиди Ал-Нурӣ дар Ироқ

Ироқ аз Созмони Милали Муттаҳид хост, ки дар ҷамъоварии шаҳодатҳои эҳтимолии "ҷиноят алайҳи башарият", ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" содир кардааст, кумак кунад.

Дар як нома, ки рӯзи гузашта пахш шуд, Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ, вазири умури хорҷии Ироқ гуфт, нерӯҳои ҳукуматӣ, ки чанде пеш Мавсилро аз ҷангиёни ДИИШ озод карданд, шаҳодати ҷиноятҳои мудҳиш, бо шумули кушторҳои дастаҷамъи, бардагии ҷинсӣ ва тахриби ганҷинаҳои бостоншиносиро ошкор карданд.

Ӯ гуфт, ки Британия дар таҳияи қатънома ба Шӯрои Амнияти СММ, барои эҷоди таҳқиқоти байналмилалӣ алайҳи ДИИШ, кӯмак мекунад.

Ноиби сафири Британия Ҷонатан Аллен ин гуфтаро тасдиқ кард ва афзӯд, ҳадаф ин аст, ки ДИИШ ҷойе барои пинҳон шудан надошта бошад.

Сафири Русия дар СММ Васлий Небензя низ гуфт, ки Маскав аз ин қатънома пуштибонӣ мекунад.

Вакили ҳуқуқи башари Британия Амал Клунӣ, ки ба тарафдорӣ аз ақалиятҳои мазҳабии Язидӣ садо баланд кардааст, аз иқдомоти алайҳи ДИИШ ситоиш кард. Ақалиятҳои мазҳбаии Язидӣ шоҳиди кушторҳои дастаҷамъи, бардагии ҷинсӣ ва хушунатҳои дигар буданд, ки ҷангиёни ДИИШ алайҳи ин қавм пиёда карданд.