Нозирони САҲА ҳузури низомиёни русро дар Донбасс мушоҳида карданд

Александр Ҳуг

Муовини аввали раҳбари маъмурияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Донбасс Александр Ҳуг гуфт, нозирони созмон дар шарқи Украина низомиёнеро дидаанд, ки рамзи артиши Русияро доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, нозирон бо онҳое ҳам суҳбат кардаанд, ки худро низомиёни Русия номиданд. "Дар шарқи Украина силоҳҳои сохти Русия мушоҳида шуд. Вале мо наметавонем, хулоса барорем. Зеро мо бо ҳадафе ба онҷо даъват шудаем, ки дидаву шунидаи худро танҳо сабт кунем", - афзуд Ҳуг.

Киев ва кишварҳои Ғарб Русияро ба ин айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳони Донбасс кумаки низомӣ мерасонад. Ба маълумоти Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Украина, дар тарафи "ҷумҳуриҳои худхондаи мардумӣ" 40 ҳазор нафар меҷангад, ки наздики 5 ҳазорашон низомиёни ҳастанд. Москва ин иддаоро рад мекунад.