Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи душанбе бо имзои як қарор ба таҳқиқи амалкардҳои Чин иҷоза дод, ки ба гуфтаи ширкатҳои ИМА моликияти зеҳнии Амрикоро ба яғмо мебарад.
Намояндаи ИМА дар умури тиҷорати байналмилалӣ Роберт Лайтхайзер аз салоҳияти таҳқиқи қонунӣ будани амали мақомоти Пекин бархурдор шуд. Чин ширкатҳои амрикоии содиркунандаи молро вазифадор кардааст, ки дар қаламраваш корхонаҳои муштарак таъсис диҳанд ва технологияҳои худро дар ихтиёри шарикони чинияшон гузоранд.
Ҳоло ширкатҳои бузурги Амрико, аз қабили "Ҷенерал Моторс" ва "Майкрософт" дар ин шароит қарор гирифтаанд.Бар пояи қонунҳои нави Чин, ширкатҳои амрикоӣ маҷбуранд, рамзи барномаҳоеро дар ихтиёри мақомоти Пекин гузоранд, ки дастрасӣ ба иттилои шахсии корбарон ва сирри технологиро фароҳам месозанд.