Сар аз ҳафтаи оянда Бонки марказии Узбакистон пули коғазии 50-ҳазор сум- муодили 12 доллари ИМА-ро ба муомилот мебарорад. Дар давоми ним соли охир бори дувум аст, ки дар Узбакистон пулҳои нав ба муомилот бедароянд.
Дар искиноси 50-ҳазорӣ акси лаклакҳои болои дарвозаи "Эзгулик"- майдони Мустақилияти шаҳри Тошканд нақш ёфтааст.
То имрӯз калонтарин пули Узбакистон 10-ҳазор сум -наздики 2,5 доллари ИМА буд. Ин пул 10 марти соли ҷорӣ ба муомилот даромад.
Кормандони Бонки марказии Узбакистон хабар медиҳанд, ки дар идомаи ислоҳоти молии кишвар ягонасозии қурби асъор дар назар аст.