Матбуоти Русия: Се "террорист"-и боздоштшуда аз Тоҷикистонанд

Сарбозони ФСБ

Матбуоти Русия номи се нафари гумонбар дар ташкили амалҳои террористӣ дар Маскавро ошкор кард. Хабаргузории ТАСС шоми 14-уми август бо такя ба манобеаш гуфт, ки ин афрод Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев ҳастанд. Хабаргузории “Интерфакс” гуфт, ки ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Вале то ҳол ҷониби Тоҷикистон ин иттилоъро таъйид накардааст.

Додгоҳи Лефортови Маскав рӯзи душанбе ин гумонбаронро то 11 октябр ба ҳабс гирифтааст. “Интерфакс” мегӯяд, гӯё Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳи худ иқрор карда, Ҳоҷиев ба бегуноҳияш пофишорӣ намудааст.

Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 14-уми август аз боздошти гурӯҳи даҳшатафкан дар навоҳии пойтахт хабар дод, ки гӯё мехост дар марказҳои тиҷоратии Маскав амалҳои террористӣ анҷом диҳад. Он вақт матбуоти Русия навиштанд, ки яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия ва се нафари дигар шаҳрвандони Осиёи Марказианд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфт, якеи онҳо гумоштаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", дигаре созандаи маводи тарканда ва ду нафари боқимонда "террористҳои маргталаб" буданд.

3-юми апрели соли равон дар пайи таркиш дар вагони метрои шаҳри Санкт-Петербург 15 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуд. Аз рӯи ин ҳодиса 10 нафарро дастгир карданд. Тафтишот сокинони Қирғизистон – бародарон Аброр ва Акрам Азимовҳоро ташкилкунандаи ҳамла ба метро мешуморад.

Рӯзи 19 апрел Хадамоти федеролии амнияти Русия навори боздошти Акрам Азимов дар Маскавро пахш кард. Модари Азимов боздошти ӯро "саҳнасозӣ" номид ва гуфт, ки чанд рӯз пеш аз ин кормандони Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон писари ӯро аз бемористони хусусии Уш берун оварда, ба хадамоти махсуси Русия супурданд.

Охири моҳи июл боздоштшудаҳо аз шиканда дар “зиндони махфӣ”-и ФСБ шикоят карданд. Вакили онҳо Дмитрий Динзе гуфт, ки баъди ин кормандони хадамоти махсус Аброр Азимовро муҷбур карданд, ки шикояти худро дар мавриди шиканҷа бозпас бигирад, вагарна худаш ва наздиконаш кушта мешаванд.

ФСБ борҳо аз боздошти тарҳрезони эҳтимолии амалҳои террористӣ хабар додааст. Охири моҳи июл 7 шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ҳамлаи эҳтимолӣ ба Петербург боздошт шуданд. Моҳи ноябри соли 2016 ФСБ 10 нафарро боздошт кард, ки гӯё мехостанд силсилаи харобкориҳоро дар Маскаву Петербург анҷом диҳанд.