Шаби якшанбе ба душанбе дар Уагадугу, пойтахти Буркина-Фасо, дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба тарабхонаи туркӣ, ки миёни хориҷиҳо маъруф аст, дастикам 17 нафар кушта шуд.
Мақомоти ин кишвари Африқои Ғарбӣ мегӯянд, дар байни кушташудаҳо намояндагони якчанд давлат, бо шумули Фаронса ҳастанд. Хабаргузории Reuters аз захмӣ шудани 8 нафари дигар гузориш дод.
Се нафари мусаллаҳ бо мошин ба назди тарабхона омада, ба сӯи меҳмонон, ки дар мизҳои кӯча менишастанд, оташ кушод. Дар байни ин афрод ва низомиён, ки ба ҷойи ҳодиса омаданд, даргирӣ сурат гирифт ва дар натиҷа ҳамлагарон кушта шуданд.
Мақомоти Буркина-Фасо дар ин ҳамла аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гумонбар шудаанд.
Моҳи январи соли 2016 дар ҳамин кӯчаи Уагадугу, дар тарабхонаи дигар ва меҳмонхона, гурӯҳи мусаллаҳе 170 нафарро гаравгон гирифт. 30 нафари онҳо кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" бар дӯш гирифт.