Пулиси Қазоқистон наздикони сокини вилояти Ҷамбули ин кишварро, ки дар пайи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, бозпурсӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба мақомоти қудратии вилояти Ҷамбул иттилоъ медиҳанд.
Расонаҳо менависанд, наздики соати 20-00 шоми дирӯз дар дидбонгоҳи "Жасоркен" марзбонон маҷбур шуданд ба сӯи марзшиканҳои эҳтимолӣ тир кушоянд. Як гурӯҳи иборат аз 15 нафар аз амри марзбонон сарпечӣ ва ба сӯи онҳо санг партофт. Яке аз ҳамлагарон маҷруҳ шуда, баъдтар фавтид. Афроди дигари гуруҳ ба деҳаи наздики марз фирор карданд.
Фавтида сокини деҳаи Жасоркен буда, шаҳрвандии Қазоқистонро доштааст. Шахсияти афроди дигари гуруҳ мушаххас нашудааст.