Ронандагони автобусҳои Ишқободро дар арафаи Осиё-2017 либоси ягона мепӯшонанд

Ба ронандагони автобусҳои мусофирбари шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон амр шудааст, то бо либоси ягонае, ки ҳанӯз омода нест, ба кор бароянд.

Ин ронандаҳо, ки чанд соли ахир куртаи сафед, шиму галстуки сиёҳ ва тоқӣ мепӯшиданд, акнун бояд либоси ягонаеро ба бар кунанд, ки махсус барои бозиҳои Осиё-2017 омода мешавад.

"Либоси ягонаи нав аз шиму галстук ва пиҷаки якранги сабз иборат буда, пӯшидани тоқии миллии туркманӣ ҳатмист", - гуфт як ронанда аз шаҳри Ишқобод бо номи Мурод.

Ба гуфтаи Мурод, ин либоси ягона ҳанӯз омода нест ва арзиши он низ маълум нашудааст.

Дар Ишқобод дар остонаи бозиҳои Осиё-2017 аз 640 автобуси наве, ки барои хидматрасонӣ дар рӯзҳои баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ харида шудаанд, то ҳоло 200-тоашон ба кор бурда мешаванд.

Ҳамчунин дар пойтахти Туркманистон таксиҳои сафед ҳам корро шуруъ кардаанд, ки ронандагони онҳо низ либоси ягонаи сабзу тоқии миллии туркманӣ мепӯшанд.

5-умин даври Бозиҳои осиёӣ аз 17 то 27 сентябри соли равон дар Ишқобод баргузор хоҳад шуд.