Мақомоти Эрон чанд ҷавонро барои "тарғиб"-и рақсҳои зумбии Амрикои Лотинӣ ва дигар рақсҳои "ғарбӣ" зиндонӣ карданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ чаҳор писар ва ду духтарро дар шаҳри Шарҳуди устони Симнон, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар боздошт кардааст.
Ҳамид Домғонӣ, масъули минтақавии сипоҳи посдорон гуфт, ки шаш ҷавони боздоштшуда "узви ҷамъияте ҳастанд, ки таълими рақс медиҳанд ва дар ин бора навор мегиранд". Ин ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори рақсҳоро нашр ва духтаронро ба кашидани сатр ташвиқ мекардаанд.
Боздошт ва чунин бозҷӯиҳо дар Эрон ба таври густарда ба чашм мерасад. 9 август расонҳои давлатии Эрон аз боздошти 64 ҷавони "нимбараҳна" дар наздикии Исфаҳон хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҷавонон мерақсиданд ва машрубот истифода мекарданд.