Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 10 август дар як изҳороташ гуфт, ки дар сурати таҳдиди навбатии Кореяи Шимолӣ ба ИМА, посухе “бо оташу ғазаб” дарёфт хоҳад кард. Дар як сӯҳбаташ бо хабарнигорон аз як голфклуби Ню-Ҷерсӣ, ки макони истироҳати президент аст, Трамп гуфт, ки худи ӯ ҳамеша дар фикри музокирот аст ва агар Пхенян нисбати ИМА коре анҷом диҳад, пас бояд “хеле ва хеле асабонӣ шавад”.
Вай гуфт, раҳбари Кореяи Шимолӣ “нисбати кишвари мо хеле беэҳтиромӣ кард ва ҳарфҳои хеле бад зад”. Трамп гуфт, ки Ким Чен Ин наметавонад Гуам, ИМА, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубиро таҳдид кунад. Кореяи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки то миёнаҳои август барномаи партоби мушаки миёнапарвози баллистикиро аз болои Гуам, як ҷазираи марбут ба ИМА дар уқёнуси Ором анҷом медиҳад.