Имрӯз, 8-уми август, бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии UEFA миёни бошгоҳҳои футболи “Реал”-и Мадриди Испания ва «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон барпо мегардад. Ин бозӣ дар шаҳри Скопйеи Македония, дар варзишгоҳи «Филипп Македони II», соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:45 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
«Реал» ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо, «Манчестер Юнайтед» бошад, барандаи Ҷоми лигаи Аврупост. Сардовари ин бозӣ Ҷанлука Роккии итолиёвӣ таъйин шудааст. Дар вебсайти UEFA сармураббиёни ҳарду даста пеш аз бозӣ барои Суперҷоми UEFA назари худро чунин баён кардаанд:
Зайниддин Зидан, сармураббии «Реал»: “Бешак, бозӣ барои Суперҷом бисёр муҳим аст. Мо мехоҳем пирӯз шавем. Ман дар Мадрид алакай 16 сол ба сар мебарам, вале пеш аз ин муқобили «Реал» ва дастаҳои дигар бозӣ кардаам. Ҳамаи рақибон хоҳиши зиёди мағлуб намудани ин дастаро доранд. Он беҳтарин даста дар ҷаҳон аст, мехоҳанд аз он ҳамеша пеш раванд.”
Жозе Моуриню, сармураббии «Манчестер Юнайтед»: «Ман хеле шодам, ки имкони мубориза бурдан барои Суперҷом муқобили зӯртарин бошгоҳи қораро дорем. Муқобили қаҳрамони Аврупо бозӣ кардан шарафи бузург аст. Дар ин ҷо, инчунин сухан аз дастае меравад, ки таърихи аз ҳама бой ва ҷоизаҳои аз ҳама зиёдтар дорад. Ба мо муҳим аст, ки футболи худро бозӣ кунем ва аз ин лаҳзаи вижа ҳаловат барем, зеро ки шонси бурдани Суперҷом зуд-зуд ба амал намеояд.»
Ҳамагӣ 24 даста аз 13 кишвар барандагони Суперҷоми UEFA гардидааст. Аз ҳама бештар – панҷборӣ - «Милан»-и Италия ва «Барселона»-и Испания Суперҷомро ба даст овардаанд. Аввалин барандаи Суперҷоми UEFA бошгоҳи «Аякс»-и Амстердами Ҳолланд аст. Барандаи феълӣ бошгоҳи «Реал» мебошад, ки соли 2016 бар «Севиля»-и Испания бо ҳисоби 3:2 ғолиб омадааст.