Танҳо 38 дар сади амрикоиҳо аз фаъолияти Доналд Трамп дар маснади раиси ҷумҳур пуштибонӣ мекунанд, шумори онҳое, ки аз фаъолияти ӯ розӣ нестанд, 56 дар сад будааст. Аз чаҳор се ҳиссаи пурсидашудаҳо ба изҳороте, ки аз Кохи сафед бадар мешаванд, бовар надоранд. Ин маълумотест, ки CNN рӯзи гузашта дар заминаи пурсиши нави афкори умум пахш кард. Аз замони интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳур маъруфияти Доналд Трамп ҳеҷ гоҳ ба ин андоза поён набуд.
Марказҳои омӯзиши афкори умум танҳо як ҳолати ба ин монандро дар таърихи муосири Амрико ёд доранд. Соли 1993 маъруфияти президенти пешин Билл Клинтон баъди шаш моҳи раёсаташ аз 50 дар сад камтар буд.
Ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон, ҳамҳизбҳои Трамп, теъдоди ҷонибдорони ӯ дар моҳи август аз 73 ба 59 дар сад коҳиш ёфт. Ҳамин моҳ дар сади ҳавохоҳони Трамп дар қишри калидии тарафдоронаш - асосан амрикоиҳои сафедпӯст, ки маълумоти олӣ надоранд, то 12 дар сад кам шуд.
Теъдоди амрикоиҳое, ки ба тавонмандии Трамп дар татбиқи дигаргуниҳо ва ё ҳукуматдории таъсирбахш бовар доштанд, рӯ ба коҳиш овард ва ҳоло камтар аз 40 дар сад аст.