Ҷилавгирӣ аз қочоқи 553 телефони "Samsung Galaxy" дар Суғд

Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар Суғд аз қочоқи 553 адад телефонҳои мобилии "Samsung Galaxy" ҷилавгирӣ карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин миқдор аз телефонҳои мобилиро як сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Қирғизистон ба Тоҷикистон қочоқ кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шаҳрванди Қирғизистон бо номи Қанибек ин миқдор молро харидорӣ карда ва бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ ва тариқи қочоқ ворид намудааст ва ҳини интиқоли он дар шоҳроҳи "Конибодом - Хуҷанд" боздошт шудааст.

Мақомот Хадамоти гумрук мегӯянд, ки тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии азорати адлия, арзиши умумии телефонҳои мобилӣ 935 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва додситонии вилояти Суғд тафтиши онро пеш мебарад.