Ширкати мошинсозии Renault қарордоди деринтизори коршарикӣ бо Эронро имзо кард, ки 660 миллион евро қиммат дорад.
Интизор меравад, ки ин созиш дар ду пойгоҳи Эрон - ширкати давлатии Рушди Саноат ва Навсозӣ ва ширкати хусусии Партов Нигин Носеҳ - ворикунанадаи Renault ба Эрон, 3000 ҷойҳои корӣ эҷод кунад.
Созиши Эрон бо Renault дар ҳоле мумкин шуд, ки ду сол пеш қудратҳои ҷаҳонӣ таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эронро ба ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаӣ нарм карданд.
Мошинҳои аввалини корхонаи муштарак дар 18 моҳи оянда ба ҳаракат медароянд. Дар марҳилаи дуввум, ки аз 3 сол иборат аст, қарор аст то 300 ҳазор мошин истеҳсол шавад.
Renault, ки дар ин қарордод 60 дар сад саҳм дорад, барои аввалин бор шабакаи фурӯши мошинҳояшро дар Эрон таъсис додааст.