Афсари пешини истихборот бо ҷурми фасодкорӣ ба зиндон рафт

Озарбойҷон - бинои Додгоҳи Олӣ

Афсари баландпояи истихбороти Озарбойҷон, сарҳанг Миразиз Асғаров бо иттиҳоми фасодкорӣ барои чаҳор сол равонаи зиндон шуд.

Додгоҳи низомии Боку ҳукми Асғаровро рӯзи 7 август эълон кард ва ӯро дар содир кардани як идда ҷиноятҳо, аз ҷумла пулситонӣ, порохӯрӣ ва суиистифода аз мақом муҷрим донист.

Асғаров раҳбари бахши истихбороти Вазорати пешини амнияти Озарбойҷон буд.

Моҳи декабри соли 2015 президент Илҳом Алиев ин вазоратро барҳам дод ва ба ҷойи он ду идораи мухталиф: Хадамоти Амнияти Давлатӣ ва Хадамоти Истихбороти Хориҷиро таъсис дод.

Баъди барҳам хурдани вазорати пешин дастикам 20 мансабдори расмии ин ниҳод бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шуд.