ДИИШ 50 солманд ва зану кӯдакро дар шимоли Афғонистон ба қатл расонд

Нерӯҳои давлатӣ ҳамлаи густардаи алайҳи Толибонро дар Шимол оғоз карданд

Раиси вилояти Сарипули Афғонистон Муҳаммад Зоҳир мегӯяд, ки ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва ҷумбиши Толибон дар ин вилоят наздик ба 50 одамро ба қатл расониданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаи ҷангиён ба постгоҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар наздикии ноҳияи Мирзо Оланг шаби 3 август оғоз шуда, 48 соат идома ёфт. Дар натиҷа 7 корманди пулис ва як сарбоз ҷон дод.

Муҳаммад Зоҳир бо истинод ба пиронсолони деҳа ҳамчунин хабар дод, ки ҷангиён беш аз 30 хонаро оташ задаанд. 25 нафари дигар бедарак шудаанд, ки эҳтимол дорад, ҷангиён онҳоро бо худ бурда бошанд.

Як мақоми баландпояи Сарипул Нур Раҳмонӣ Аминёр ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳамла ҳам ҷангиёни Толибон ва ҳам ДИИШ иштирок доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷангиёни Толибонро Мулло Нодир ва аз ДИИШ-ро Шермуҳаммад Ғазанфар раҳбарӣ мекарданд. Вале Толибон даст доштани худро дар ин куштор рад карда, гуфтанд, ки Ғазанфар муддатҳо пеш сафи ин ҳаракатро тарк кардааст.

Ба гуфтаи раҳбари вилояти Сарипул, нерӯҳои маҳаллӣ дар ҳоли ҳозир талош доранд, ки ноҳияи ишғолшударо аз дасти ҷангиён дубора бозпас бигиранд ва аз ҳукумати марказии Афғонистон кумаки ҳавоӣ дархост кардаанд.