"Истиқлол" дар лигаи олӣ пешсаф аст

Даври понздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми август натиҷагирӣ шуд. «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Бо ҳамин ҳисоб «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро мағлуб сохт.

Дар ду бозии дигар муддаиёни медалҳои мусобиқа - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе - пирӯзӣ ба даст оварданд. «Хуҷанд» бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. ССКА «Помир» дар меҳмонӣ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 36 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи «Хуҷанд» бо 27 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА «Помир» бо 25 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.