Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон. САДО

Муҳсин Муҳаммадиев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup, ки рӯзҳои 5-6 август дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард.

Дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup ситораҳои футболи солҳои 1990 ва 2000-ум ширкат доштанд. Ин мусобиқа дар "Остона Арена" бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи “А” Олмон, Қазоқистон ва мунтахаби ҷаҳон, ба гурӯҳи “В” Италия, Португалия ва Русия дохил буданд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат буд. Ба ҳайати ибтидоии дастаҳо шаш нафар дохил мешуданд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Ғолибони гурӯҳҳо – мунтахаби ҷаҳон ва дастаи Русия – рӯзи 6-уми август барои ҷойи аввал мубориза бурданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид. Дар ҳайати дастаи ғолиб Роман Широков, Евгений Алдонин ва Виктор Булатов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Дмитрий Сенников ба самар расонд. Голҳои мунтахаби ҷаҳонро фаронсавӣ Венсан Кандела, Азамат Абдураҳимов узбакистонӣ ва фин Яри Литманен ба ҳадаф расонданд.

Ҳайати мунтахаби ситораҳои ҷаҳон чунин буд: Христо Стоичков (Булғористон), Азамат Абдураҳимов (Узбакистон), Александр Шовковский (Украина), Винсан Кандела (Фаронса), Яри Литманен (Финляндия), Алдаир (Бразилия), Гаиска Мендйета (Испания), Жереми Нжитап (Камерун), Мӯҳсин Муҳаммадиев (Тоҷикистон), Жан Пйер Папен (Фаронса), Эрнан Креспо (Аргентина).

Барои ҷойи севум мунтахаби Португалия дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 13:7 шикаст дод. Ба ин тартиб, Португалия севум, Қазоқистон чорум, Италия панҷум ва Олмон шашум шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи мунтахаби ситораҳои ҷаҳон

Шарҳи ҳол

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби се духтар аст.

Мусобиқаи EXPO-2017.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — солҳои 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – солҳои 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – солҳои 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – солҳои 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – солҳои 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – соли 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» таҳти раҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад.

Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабасӣ"-и вилояти Шимкенти Қазоқистон рафта буд.

Вай авохири моҳи октябри соли 2016 сармураббии бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе таъин шудааст. Бошгоҳи “Истиқлол” бо ӯ қарордоди сесола ба имзо расондааст.