Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Муҳаммадиев: «Бо вуҷуди шикаст, таҷриба омӯхтем»


Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, шикасти дастаашро дар бозии дӯстона аз тими миллии Беларус бо ҳисоби бузурги 1-6, аслан, ба аз майдон хориҷ шудани ҳимоятгари дастааш дар оғози дидор рабт медиҳад.

Муҳсин Муҳаммадиев, дар нишасти хабарӣ, ки пас аз анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Беларус шаби 4-уми сентябр баргузор шуд, гуфтааст, ки аз майдон хориҷ шудани ҳимоятгари дастааш Наим Ӯлмасов дар оғози дидор, дар дақиқаи 5-ум, дар шикасти даста роли калидӣ бозидааст.

- Мунтахаби Беларусро бо ғалабаи шоистааш табрик мекунам. Чунин бозиҳое ҳастанд, ки голҳои зиёд зада мешавад. Ҳарчанд дар нимаи аввали бозӣ бачаҳои мо кӯшиши зиёд карданд, вале хеле барвақт аз майдон хориҷ шудани бозигари мо ба манфиати мизбонон шуд ва метавон гуфт, ки дар шикасти дастаи мо роли калидӣ бозид. Дар нимаи дувуми бозӣ бачаҳои мо хуб бозӣ накарданд. Монда шуданд, рӯҳафтода шуданд. Вале ман фикр мекунам, ки чунин бозиҳо барои мо заруранд. Ин футбол аст, чунин ҳолатҳо рух медиҳанд, бачаҳои мо таҷоруби хуб касб карданд, ки дар оянда ба кор меояд, - гуфтааст Мӯҳсин Муҳаммадиев.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шаби 4-уми сентябр дар бозии дӯстона аз тими миллии Беларус бо ҳисоби бузурги 1-6 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”-и шаҳри Борисови Беларус баргузор шуд.

Игор Стасевич, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум бо зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи 18 метр ҳисобро боз кард. Баъди 27 дақиқа Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари меҳмонон, тӯбро бо зарбаи сахт аз назди хатти ҷаримагоҳ ба нишон расонд ва ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми дидор футболбозони беларус Сергей Корниленко, Криветс, Эдгар Олехнович, Сергей Кисляк ва Алексиевич ба дарвозаи меҳмонон боз 5 гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки Наим Ӯлмасов, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 5-ум корти сурх гирифта, аз майдон хориҷ шуд ва меҳмонон то охири бозӣ 10 нафар муқобили 11 кас бозӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

Ин бозӣ имсол таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, барои мунтахаби кишвар бозии панҷуми дӯстона ба шумор мерафт. То ин дидор мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои миллии Афғонистон (1-0) ва Малайзия (4-1) пирӯз шуда, аз тимҳои Эстония (1-2) ва Қазоқистон (1-2) дар бозиҳои дӯстона мағлуб шуда буд.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус чунин буд:

Алишер Тӯйчиев (капитан), Давронҷон Эргашев, Соҳиб Саванкулов, Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Хуршед Маҳмудов (Эраҷ Раҷабов, 63), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 69), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фарҳод Тоҳиров (Аҳтам Ҳамроқулов), 71), Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 76).

XS
SM
MD
LG