Дмитрий Рогозин, муовини нахуствазири Русия, бо Игор Додон – раиси ҷумҳури Молдова – дар Теҳрон мулоқот кард. Ин ду мақом рӯзи 5-уми август дар маросими адои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, иштирок карданд.
Ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин дидор ироа нашудааст.
Қаблан Игор Додон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ду тараф дар бораи тасмими тозаи ҳукумати Молдова барои номатлуб хондани Дмитрий Рогозин баҳс хоҳанд кард. Додон аз доштани равобити наздик бо Маскав ҳимоят мекунад, вале контроли ҳукуматашро аҳзоби ҳомии пайвастан бо Аврупо дар даст доранд.
Мақомоти расмии Кишенёв Рогозинро "персона нон грата" ё шахсияти номақбул эълон кардаанд. Тадбир алайҳи Рогозинро вазири умури хориҷии Молдова Андрей Галбур рӯзи 2-юми август пешниҳод кард ва бахши умдаи аъзои кобинаи ҳукумат онро пазируфт.