Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Куриёи Шимолӣ барои барномаи мушакиаш таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Таҳримҳои нав мамнӯияти содирот аз Куриёи Шимолӣ ба арзиши беш аз як миллиард долларро дар бар мегирад. Соли гузашта Куриёи Шимолӣ ба арзиши 3 миллиард доллар содирот карда буд.
Таҳримҳои ҷадид содироти ангишту оҳанро комилан мамнӯъ карда, содироти сурбу ғизоҳои баҳриро ба Куриёи Шимолӣ манъ намудааст.
Куриёи Шимолӣ моҳи июли имсол ду мушаки баллистикӣ ё дурпарвози қорапайморо озмоиш кард ва иддао намуд, ки акнун қодир ба анҷоми ҳамла ба тамоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост.
Ники Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милал баъд аз раъйдиҳии Шӯрои амният гуфт, "иқдомоти дигаре зарур аст. Иёлоти Муттаҳида барои муҳофизат аст худу муттаҳидонаш чора хоҳад андешид."