Тавсифи Шавкат Мирзиёев аз Ҷӯрабек Муродов

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар суханронии ду рӯзи пеш аз ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ном бурда, аз сухангӯӣ ва овозхонии, ба қавли ӯ, ҳаяҷонангезаш тавсиф кард.

Мирзиёев рӯзи 3-юми август дар мулоқот бо аҳли зиёи Узбакистон гуфт, ки овозхонии Ҷӯрабек Муродовро дар маросими бахшида ба садсолагии ҳунарманди машҳур Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм бозавқу ҳаяҷони тамом гӯш кардаанд.

Ҷӯрабек Муродов рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, охири моҳи июли имсол дар маъракае бахшида ба бузургдошти овозхони машҳури узбак Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм иштирок кард. Ӯ гуфт, ки дар ин маърака ҳунармандон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳузур доштанд.

Ҷӯрабек Муродов бо овозхони маъруфи узбак Шералӣ Ҷӯраев. Акс аз бойгонӣ

“Дар рӯзи ифттитоҳи нишаст ба ман сухан доданд. Ман дар навбати худ чанд суруди тоҷикиро, ки ба дӯстии мардуми ду ҳамсоя ва кишварҳои дигари минтақа бахшида шудааст, иҷро намудам. Аз президенти Узбкистон ташаккур мекунам, ки номи бандаро зикр карда, дар ҳаққи мо ҳарфҳои нек ба забон овардааст”, - афзуд ӯ.

Дар як навори видеоӣ дар Ютуб ҳам дида мешавад, ки Ҷӯрабек Муродов дар суханронии худ дар Хоразм шеъри “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и Рӯдакиро хонда, ба дӯстии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намудааст.

Тоҷикистону Узбакистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев каме об шуд.

Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.